Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Аз таърих ва ҷуғрофиёи Нишопур

    Аз таърих ва ҷуғрофиёи Нишопур

    Rate this post

    Нишобур ё Нишопур дар ибтидо “Абаршаҳр”-аш мехонданд, дар манобеи арабӣ “Абрашаҳр” ба паҳлавӣ “Невшаҳпуҳр” ба маънии “бунёни неки Шопур” маркази шаҳристони Нишопур, яке аз шаҳрҳои муҳими Хуросони бузург, остони Хуросони-Разавӣ ва ба унвони яке аз аломат ва нишонаҳои  таърихиву фарҳангӣ дар шарқи Эрон аст, ки дар доманаи куҳи Банолуд қарор гирифтааст. (1) Реванд, Нисоя, Абаршаҳр, Нишобур, Нашобур, Шаҳри Фируза, Умм-ул-билоди Хуросон, Шаҳри Шодёх ва Мадинат-ур-ризо аз номҳои қадимӣ ва дигар шаҳру минтақаи Нишопур аст. Нишопур дар аҳди Сосониён (224,226-651) дар ҳудуди даҳҳаҳои миёнаи садаи саввуми мелодӣ бо фармони Шопури I (242-272) таҷдиди бино ёфта, дар аҳди Шопури II (309-379) дубора тармиму ислоҳ гардид.

    Тибқи охирин тағйирот дар афзоиши ҳарими шаҳрӣ, шаҳри Нишопур 276089 нафар (2) ва бар асоси саршумори умумӣ соли 1385 ш. (2007 м.) 205,972 нафар (3) ҷамъият дошт.

    Дар соли 643 мелодӣ, дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб (р) (634-644) фатҳ шуд. (4) Нишопур барои бори нахуст дар давраи Тоҳириён (821-873) ва бори дуввум дар аввоили давраи Салҷуқиён (1037-1157) ба унвони маркази Эрон интихоб шуда буд. (5) Дар қарни XI мелодӣ яке аз даҳ шаҳри бузург ва пурҷамъияти ҷаҳон буда,  шукуфоӣ, шуҳрати ин шаҳр ва минтақаи он байни садаҳои миёнии вуруди Ислом ба Хуросон то давраи ҳамлаи Муғул буда, Нишопур дар ин садаҳо маркази фарҳангии Эрон шинохта шудааст. (6)

    Шаҳристони Нишопур ба марказияти шаҳри Нишопур 9308 километри мураббаъ вусъат дорад ва ҷамъияти он тибқи саршумории соли 1370 шамсӣ (1992 м.) 399387 нафар аст. ҷойгиршавии аҳолии ин шаҳристон ҳудуди 42 нафар дар километри мураббаъ мебошад.

    Ин шаҳр тибқи нақшаи зер бо тули ҷуғрофияи байни 58 то 59 дараҷа ва арзи ҷуғрофияи байни 35 то 37 дараҷа маҳдуд аст, аз шимол ба шаҳри Чанорон ва Кучон, аз ҷануб ба  шаҳристонҳои  Нашмор ва турбати Ҳайдария  аз Машриқ ба шаҳри  Машҳад ва аз Мағриб ба шаҳристонҳои  Исфароин ва Сабзавор.

    Ин шарҳ дорои панҷ бахш аст ба номҳои:

    Таҳти Ҷулга ба марказияти Бузғон ва деҳистонҳои таҳти Ҷулга,  Тоғанкуҳ, Фируза;
    Забархон ба марказияти қадамгоҳ  ва деҳистонҳои Ардуғиш, Исҳоқобод, Забархон;
    Сарвилоят ба марказияти  Чакана ва деҳистонҳои  Бинолуд, Сарвилоят;
    Миёни Ҷулга ба марказияти Ишқобод, Балҳалат;
    Марказе ба марказияти шаҳри  Нишопур ва деҳистонҳои Дарбуҷозӣ, Реванд, Фазл,  Мозул;

    Дар тули замон чунин мавқеияти истисноӣ тибқи одот ба нафъ ё ба зарари шаҳри Нишопур будааст. Дар давраҳои сулҳу оромиш, ободӣ, ҷамъият ва бозоргонии Нишопур ба сабаби доштани  манобеи табии марғуб аз қабили  маъданҳои фируза ва хонҳои  зироати васеъ, ру ба густариш ниҳода, баръакс дар замони ҷанг чун мавриди тамаи муҳоҷимон қарор дошта, ру ба  вайронӣ ниҳодааст. Нишонаҳо ва  шавоҳиди имрузӣ, ки иборат аз харобаҳои мухталиф дар атрофи  шаҳр аст, густурдагии ин шаҳрро ба хубӣ нишон медиҳад.

    Қадимтарин санаде, ки аз Нишопур ёд мекунад, “Авасто” аст, ки бо вожаи “Раувант” ба маънои  ҷалолу  шукуҳ аз он ном мебарад. Эҳтимолан ин вожа баъдан ба калимаи “Реванд” табдил шуда, ки акнун номи деҳистоне аз тавобеи Нишопур аст.  Дар баъзе аз матнҳои давраи исломӣ номи дигари Нишопур “Абаршаҳр” омадааст, ки мусалламан ин лафз дар давраҳои қабл аз Ислом ба кор мерафтааст. Сиккаҳои кашфшуда далели ин гуфтаҳоянд. Барои намуна, дар сиккае, ки тасвири Қубоди Сосониро (488-531)  нишон медиҳад, калимаи  “Абаршаҳр” дида мешавад.

    Баҳс дар бораи калимаи Абаршаҳр зиёд аст. Аз ҷумла, бархе Абаршаҳрро аз решаи “Апрнок” гирифтаанд, ки марбут ба қавми Паранӣ аст, ки гузаштагони Портиён мебошанд.(7) Баъзе  Абаршаҳр  гуянд, ки мурод шаҳри абрӣ ё шаҳри баланд, ки ба абрҳо наздик аст. Ин ҳарду қавл бе далелу беисбот аст, агарчӣ  барои  санади аввал ҳануз ҷои фикр кардан боқӣ аст. Аммо агар абарро (форсии қадим, “бар”) ба маънои баландҷойгоҳ ва рафиъу бузург бидонем, калимаи “Абаршаҳр” мақбултар менамояд. (8) Сиккаҳое, ки аз даврони Бохтариён дар Афғонистон  ба ҷой монда, аз подшоҳе ба номи “Некуфар” ёд мекунанд, ки доманаи фармонравоии у то Нишопур густариш дошта, ба ривояте ин шаҳрро у бино ниҳодааст, ки баъдҳо ба Найсафур ё Найсофур ва ниҳоятан ба Нишопур табдил шудааст. Нишопур дар гуйиши араб ба маънии шайи  соядор аст ва шояд дар он ҷо дарахтҳое вуҷуд дошта бошад, ки соягустари  сари  хастагон  будааст. (9)

    Вожаи Нишопур дар давраи Сосонӣ ҳама ҷо ба шакли “Невшопур”омадааст. Агар матлаби  болоро дар мавриди навсозии ин шаҳр саҳеҳу дуруст ҳисобем, калимаи “Нев”ро метавон ба шакли имрузаи он “нав” таъбир кард ва маънои Нишопур чизе ҷуз шаҳри навсозишудаи Шопур нахоҳад буд. Дигар далеле барои баҳс дар мавриди Шопури I ва II вуҷуд нахоҳад дошт, зеро ки баъзе аз муаррихон дар интихоби ҳар яке аз он  дучори шак шудаанд. Вале то ҷое метавон гуфт, ки бинокунандаи аввал бояд Шопури I бошад. Пас аз вуқуи зилзила Шопури II амр ба тармим ва бозсозии он кардааст. Ин ба ҳар ҳол кори неки Шопури II будааст, ки  ба лафзи “Невшопур” аз он ёд кардаанд. (10)

    Нишопур дар ибтидои Ислом ба Абаршаҳр маъруф буд, ки дар сиккаҳои давраи  Уммавӣ (661-750) ва Аббосӣ (750-1258) бо ҳамин ном омадааст. Эроншаҳр ҳам гуфтаанд, ки шояд унвони ифтихорӣ барои ин шаҳр буда. Албатта, чун яке аз чаҳор шаҳри курсинишини Хуросон буд, лақаби  Умм-ул-билод ҳам барои худ касб кардааст.

    Нишопур дар даврони пеш аз Ислом

    Ин гуфтаи Фирдавсӣ  қадимӣ будани  Нишопурро ба давраҳои  бостон  мебарад ва шеъри  вай гувоҳ бар вуҷуди ин шаҳр дар  асотири миллии Эрон  аст. Дар баробари ба салтанат расидани  Кайковус  мегуяд:

    Биёмад суйи  порс Ковуси кай,

    Ҷаҳоне ба шодӣ нав афканд пай.

    Фиристод ҳар су яке паҳлавон

    Ҷаҳондору бедору равшанравон

    Ба Марву Нишобуру Балху Ҳирот,

    Фиристод ҳар су яке лашкаре.

    Ё ҳангоме, ки Кайхусрав аз Туронзамин  ба Эрон муроҷиат мекунад, Фирдавсӣ ба ин сухани зебо аз  Нишопур ёд мекунад:

    Аз он пас ба роҳи Нишопур шоҳ

    Биёвард пилону ганҷу сипоҳ

    Ҳама шаҳр яксар биёростанд,

    Маю руду ромишгарон хостанд (11)

    Дар зикри аҳволоти  Ардашери Сосонӣ, Табарӣ мегуяд, ки «Ардашери Бобакон аз Савод озими Истахр шуд ва аз он ҷо  нахуст  ба Систон ва сипас Гургон, Абрашаҳр, Марв, Балх, Хоразм ва то интиҳои сарзамини Хуросон рафт. У бисёре аз мардумонро кушт ва ҳамаи марзҳои шарикиро ба итоат овард.

    Шаҳрро солона ба се ҳазор динор, ки  муодили 54 ҳазор тумон ҷолия бошад, иҷоза ва  муқотаъа  доданд ва гуянд, гоҳ мешуд, ки  мустаъҷирин дар арзи як руз муодили иҷораи як соларо аз он ҷо ба даст меоварданд. (12)

    Дар соли 735 ҳ.қ., ки Ибни  Батута аз Нишопур  ғазоихонӣ гузар кардааст, он ҷоро Димишқи кучак мехонанд ва боғҳо ва обҳои Нишопур ва бозорҳои васеи пурколои он шаҳрро меситоянд. (13)

    Иллати вайрониҳои паёпай ва саранҷоми Нишопур

    Ин шаҳри  боазамат ва таърихӣ ҳам шаллоқи   табиат хурда ва ҳам таъми  талхи тохтутози муҳоҷимонро шамидааст. Агар дар ҷараёни ин воқеа бо таваҷҷуҳ назар афканем, метавонем гуфт, ки аз қарни  шашуми  ҳиҷрӣ ба баъд ҳар харобияш муқаддимае бар абадияш буд. Зеро ҳамин, ки бинояш ба поён мерасид, маҳкум ба вайронӣ мегардид ва то  кунун ҳеҷ шаҳре чунин  қудрати таҷдиди ҳаёт  аз худ  нишон надода ва низ ҳеҷ шаҳре  ин ҳама  ҳадафи  харобиҳои  пай дар пай  қарор  нагирифтааст.

    Агар дақиқтар назар афкани ҷустуҷуи  иллати  тахриби  пай дар пайи он чандон душвор нест, нахустин ва муҳимтарин  иллатро  бояд дар мавқеи  Нишопур ҷустуҷу кард, зеро Нишопур монанди теъдоде аз шаҳрҳои қадими дигар мисли Чунрӣ ва Дамғон дар Хуросон қарор гирифта, ин гузаргоҳ ба ғайр аз аввалин вазифаҳояш дар хидмати тиҷорат ва мусофират буда, ки борҳо масир таҳоҷуми бегонагон низ қарор доштааст.

    Шаҳри Нишопур тақрибан дар соли 250 мелодӣ ба ҳайси шаҳр шинохта шуд. Забони гуфтори ин шаҳр форсӣ (гуфтор ё лаҳҷаи нишопурӣ), туркӣ (туркии хуросонӣ), курдӣ (кирмонӣ), арабӣ (арабии хуросонӣ ва арабии ироқӣ) аст, ки фоизи истифодакунандагони ин забонҳо ба тартиби зер аст:

    Форсӣ  86%

    Туркии  хуросонӣ   9%

    Курдӣ  4%

    Арабӣ  1%

    Баландии Нишопур аз сатҳи баҳр ҳудуди 1250 метр аст. Ҳавзаи илмии ин шаҳр дар даврони тиллоии Ислом яке аз бузургтарин марказҳо ва ватани бисёре аз донишмандон, шоирон, суфиён ва дигар бузургон  буд. Аз ин шаҳр ҳамвора бо унвони яке аз муҳимтарин ва бузургтарин марказҳо ва шаҳрҳои тамаддун ва фарҳанги исломӣ ёд мешуд. Мусалмонон, бахусус теъдоде аз саҳоба дар ин шаҳр масҷидҳои бузургеро бино карданд. Нишопур яке аз марказҳои илму дониши исломӣ ва навоварӣ дар даврони тиллоии Ислом, бахусус дар давраи хилофати Аббосиён (750-1258) буд, агарчӣ ҳамлаи муғул ва таъсири он ба унвони зарбаи ҳалоккунанда дар таърихи Нишопур  ва дар пайи он тамаддуни исломӣ ва Эрон матраҳ аст. Он чи аз Нишопури куҳан боқӣ мондааст, минтақае бо номи Куҳандиж ноҳияе ба вусъати 3500 гектор дар ҷануби шаҳри кунунии Нишопур ҷойгир аст. Нишопур дар қарнҳои васатӣ ва дар даврони тиллоии Ислом яке аз бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон рақиби Эрон, Бағдоду Ҷазира дар ҷаҳони Ислом ва маркази Хуросон буд.

    Дар ин даврон  Нишопур аз шаҳрҳои исломӣ ба шумор мерафт, ки дар давраҳое аз таърихи исломӣ дар улум ва тавсиаи он ҷойгоҳи волое дошт. Дар ин даврон Нишопур, ки маъмуни эронитаборон буд, муҳоҷироне аз бештари нуқтаҳои ҷаҳони Исломро пазируфта буд. Ин муҳоҷират аз фатҳи Нишопур то ҳамлаи ғузҳо ва муғул идома доштааст. Таваҷҷуҳи донишмандони бузург ба ин шаҳр ва иқомат кардани онҳо Нишопурро ба яке аз муҳимтарин марказҳои он даврон табдил дод.

    Нишопур дар гузашта бо неъматҳои зиёд, ҷамъияти фаровон, иморатҳои бисёр зебо, маъдан ва конҳои фируза, теъдоди зиёди корвонҳо ва корвонсаройҳо  пешрафти тиҷорат, мадорис ва хонақоҳҳои бисёр, масҷиду калисоҳо ва теъдоди бешумори донишмандон ва дигар бузургон машҳур буд.

    Дар ибтидои тамаддуни исломӣ маркази Хуросон ва қадимтарин пойгоҳи улуми исломӣ дар Эрону Нишопур буд.

    Дар давраи хилофати Аббосӣ Нишопур аз марказҳои тасаввуф (14), Исмоилия дар Эрону Хуросон ва мазҳаби аксарияти мардумаш шофеӣ ва ҳанафӣ буд. Авввалин дини Нишопур Ислом буд. Аз соли 643 мелодӣ ки ин шаҳр тавассути мусалмонон бидуни ҷанг фатҳ шуд, то кунун Ислом дини аввалини ин шаҳр маҳсуб меёбад. Нишопур аз шаҳрҳо ва марказҳои қадимии Эрон аст ва акнун аз нигоҳи ҷамиятӣ яке аз шаҳрҳои пурҷамияти остони Хуросон Хуросони  Разавӣ ва Эрон аст ва яке аз фаъолтарин шаҳрҳои Хуросони Разавӣ дар санъату иқтисод аст. Масофати шаҳри Нишопур бошад аз роҳи  ҷода (авто могистрал)  44 бо Машҳад 124 км то Теҳрон 768 км ва то Фирўза (наздиктарин маркази шаҳристон ба Нишопур аз роҳи ҷода(авто могистрал)) 15 км аст. Ҳамчунин шаҳри Кашмир дар 130 км ҷануби Нишопур ҷойгир шудааст. Наздиктарин марказ ба Нишопур  Ашқобод аст маркази кишвари Туркманистон бо фосилаи 190 км  аст. (15)

    Ҷамъияти таърихӣ

    Тибқи охирин тағйирот дар афзоиши ҳарими шаҳрии  Нишопур 276 079 нафар ва бар асоси саршумории умумӣ соли 1375 шамсӣ (2006 мелодӣ) 205 972 нафар ҷамият дорад. (16) Бино бар саршумории соли 1375 теъдоди ҷамияти забонҳо 102259 нафар ва теъдоди мардон 103713 нафар аст.

    Дин дар Нишопур

    Фоизи дин

    Ислом  98%
    Масеҳият    1%
    Зардушт   1%

    Мазҳаби мардуми Нишопур дар давраи императории Сосониён Маздакия будааст. Бо фатҳи Нишопур тавассути мусалмонон (соли 644 м.) мардуми Нишопур ҳам монанди ҳама ҷойи Эрон мусалмон шуданд. Ислом дини аввалини Нишопур аст. Аз соли 643 м. ин шаҳр тавассути  мусалмонон бидуни ҷанг фатҳ  шуд.
    Таҳияи Нигинаи Наҷот

    wasatiyat
    —————————————————————————————————————