Манобеи исломӣ

  • Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

     

    Фитрати ҷустуҷӯгари башар ҳамеша ба дунболи роҳ ва сирот аст роҳе, ки барои некрӯзи ва оромиш.

    Даруни ташна ва ноороми одамиён пайваста дар ҷустуҷӯи оромӣ ва ризоят аст; хурсанди аз гузари рӯзгор ва гузашти умри худ.

    Ислом дар ҷойгоҳи оини осмонӣ бо бархурдори аз шинохти ҳамаҷониба аз роҳи ташнаи инсон ва завоёи пайдо ва пинҳони дарун ва буруни ӯ ба ироаи омӯзаҳои маъқули ҳамаҷониба нигар ва таҳриф нопазир пардохта ва ба пурсишҳои ҷидди ва ҷӯстуҷӯҳои пайгири одами посӯхҳои қонеъкунанда дода аст.

    Ин посӯхҳои ақлмеҳвар ҳама сӯя ва боварпазир нахуст дар китоби осмони ин ойин ба номи Қуръон ва сипас дар сухан ва рафтор паёмовари хирадманди барҷаста ва фарҳехтаи он ҳазрат Муҳаммад(с) ба унвони аҳодис ва сираи Паёмбари ислом(с) сомон ёфта аст.

    Муҳтавои Ислом ганҷинаи гаронсанг аз такрими инсон, ахлоқи навъдӯстӣ, меҳрварзӣ, маданиятгароӣ, адолатмеҳварӣ, таъомулу таъовун аст. Омӯзаҳои бенақс ва роҳкушо, ки офаридгори инсон ба воситаи охирин фиристодаш ба ҷаҳон ҳадия кард то ҳамагон аз ҳар хок, милият, забону фарҳанг, рангу нажод аз захоири бебадили он дар таъолии моддӣ ва рӯҳии хеш баҳра ҷӯянд.

    Худо худ дар васфи пешвои ин ойин мефармояд:

    وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ

    »Мо туро танҳо раҳмати барои ҷаҳониён фиристодем«. (Сураи Анбиё ояти 107)

    Инояти нуронӣ ба хуби нишон медиҳад, ки паёми аслии дини ислом раҳмату меҳрубонӣ ва меҳрварзӣ аст.

    Фазои интеринет ва веб падидаест, ки марзҳои ҷуғрофиёиро фурурехтааст ва андешаҳои милатҳоро ба ҳам наздик сохта аст. Шоиста аст ҳол ки чунин бастаре Фароҳам шудааст мусалмонон бо шиносонидани саҳеҳи дини худ ба равиши мантиқи, қобили фаҳм ва дар дастраси ин муҳтавои фикрӣ ва фарҳангиро ки Худо ба онҳо бахшида аст ба ҳақиқатҷӯёни сарорсаи ҷаҳон ва ташнагони ақл ва мантиқ ва садоқат арза ва ироа диҳад. Онгоҳ равшан хоҳад шуд ки Ислом дини комил ва дур аз каҷиҳову хурофот, истибдоди муҳтавоию инҳрофи фикрӣ аст.

    Муаррифӣ:

    Пойгоҳи интернетии “Манобеи исломӣ” пойгоҳест фарогир, ки ба ҷамъоварию сомондиҳӣ ва ироаи монобеи исломӣ, ки аз нахустин рӯзҳои зуҳури Ислом аз сӯи паём оварон ва пас аз эшон, тавасути бузургони ин дин, муҳақиқон, донишварон ва андешмандони ҳавзаи андешаи исломӣ арза гардида аст.

    Ҳадаф:

    Падидовардани пойгоҳи ҷомеъ ва комил аз манобеи асилии исломӣ, барқарории фазои иораи назарёти илмӣ миёни андешмандони Аҳли суннат ва Шиа бетаасуб ва пешдовари бо таъкид бар асли ваҳдати исломӣ мебошад.

    Имтиёзот:

    Нигоҳи нав ва ҷомеъ ба мавзӯи манобеи , ки дар арсаи интернетӣ то кунун матраҳ аст кам назир ва бемонанд мебошад .

    Ҷомеият дар ҷамъоварӣ , созмондиҳӣ, сарфаслнависӣ ва ироаи ҳар як аз мавориде , ки ба унвони манбаъ шинохта мешавад .

    Қобилияти дастрасии осон ба сурат ва шакли матн, файл ҷиҳати донлуд ва дарёфт, принт ,мутолиа дар сомона ва … танавуъ дар сомона бо мудирияти муҷазо , комилан тахассусӣ бо дар назар гирифтани танаввуи салиқаҳо ва урфи мухотабони ҳамон забон.

    Поёни калом :

    Ҳамонгуна шоистааст, ки ҳар коре бо ёди Худованд ва имони ба ваъдаҳои Ӯ оғоз гардад бо тавакул ва ёди Ӯ дар майдон гом [қадам] ниҳодем то дар ин ҳаракати фикрӣ ва илмӣ моро ёрӣ фармояд.

    «وَ مَنْ یَتَوَكَّلْ عَلَی اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ إِنَّ اللَّهَ بالِغُ أَمْرِهِ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَیْ‏ءٍ قَدْراً»

    Ва ҳар касе бар Худованд таваккул кунад, Худо ӯро басс аст, Худованд фармони худро ба анҷом мерасонад. Ба таҳқиқ барои ҳар чизе андозае қарор дода аст. ( Сураи Талоқ ояти 3)